Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронӣ аз густариши AIDS дар Афғонистон


KB

Мақомоти беҳдоштии Афғонистон гуфтанд, ки барои роҳандозии як барномаи миллии муқобила бо густариши вируси адами масъунияти бадан AIDS/СПИД 40 миллион доллар тақозо мешавад.


Мақомоти беҳдошти Афғонистон гуфтанд, ки дар шаш моҳи охир мавридҳои олудагӣ ба СПИД дар ин кишвар чаҳор карат афзудааст.


Расонаҳои расмии Афғонистон мегӯянд, ки имсол 75 нафари олуда ба AIDS ошкор шудааст, ҳарчанд аз нигоҳи созмонҳои байналмилалӣ имсол ду ҳазор ҳодисаи нави гирифторӣ ба ин вируси марговар мушаххас шудааст.


Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, ки барои муқобила бо ин маризӣ омода аст, ба Афғонистон 10 миллион доллар ихтирос диҳад.
XS
SM
MD
LG