Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду хабар барои муҳоҷирон


.... яке хабари хуш ва дигаре нохуш

Шаҳри Маскав қасд дорад, шуруъ аз соли 2008 ҳаҷми нисоб ва ё миқдори квотаи истихдоми неруи кории хориҷиро дар пойтахти Русия се баробар коҳиш диҳад.

Бахши русии радиои Озодӣ ба нақл аз Алексей Александров, раиси кумисюни умури минтақавӣ ва сиёсати миллии шаҳри Маскав овардааст, ки бо ин ҳадаф аз моҳи июн дар Маскав як тарҳи вижа мавриди иҷро қарор гирифтааст. Ва гуфта мешавад, ниҳоӣ шудани ин тарҳ кору зиндагии муҳоҷирони кориро дар Маскав осонтар месозад.

Аммо ба ақидаи мудофеъони ҳукуқ коҳиши квота барои муҳоҷирони корӣ ва ваъдаҳои мақомдорони Маскав натоиҷе хубе дар пай нахоҳад дошт.

Дар ҳоли ҳозир, дар Маскав квотаи таъин шуда барои муҳоҷирони кории кишварҳои наздик мушваххасан Украина, Тоҷикистон ва Узбакистону Молдова 750 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳадди ниҳоии квота барои намояндагони кишварҳои дур, ки бо раводид ба Русия сафар мекунанд 80 ҳазор муайян шудааст.

Бар асоси дастури нави мақомоти шаҳрдории Маскав дар соли 2008 танҳо 250 ҳазор нафар муҳоҷирони кории кишварҳои наздик, ба шумули Тоҷикистон иҷозаи кор дар Маскав хоҳанд дошт.

_____________________________________


Хабаргузори Лента Ру аз таҳияи тарҳи як қонун дар бораи муқаррароти шаҳрвандӣ хабар додааст, ки интизор меравад он мизони пардохти молиёт барои муҳоҷиронро коҳиш бидиҳад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ин санад ба муҳоҷирон иҷоза медиҳад, ки дар интихобот ширкат варзанд.

Лента Ру менависад тарҳе, ки қарор аст, тирамоҳи имсол ба Думаи давлатӣ пешниҳод гардад, дар маҷмӯъ вазъ ва низоми муҳоҷиратро дар Русия дигаргун месозад.

Муҳоҷироне, ки камтар аз шаш моҳ дар Русия кор мекунанд, бар асоси тарҳи қонуни мавриди назар ба ҷои 20 дарсад аз музди худ 13 дарсад молиёт месупоранд.

Ҳамчунин бар асоси тарҳи мазкур бо ҳадафи ҳифзи манофеъи ақаллиятҳои миллии фаъол дар Русия ба муҳоҷирон иҷоза дода мешавад, ки дар интихоботи ниҳодҳои худидоракунӣ ширкат варзанд.
XS
SM
MD
LG