Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА: барои раҳоии гаравгонҳо нерӯ истифода намешавад


Кореяи Ҷанубӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтанд, ки ба хотири аз банди гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон раҳо кардани 21 гаравгони кореягӣ аз нерӯ кор нагиранд.


Дар ин бора як мақоми Кореяи Ҷанубӣ ба дунболи мулоқоти вазири хориҷаи кишвар Сонг Мин-Сун ва муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Негропонте хабар дод. Мулоқот дар шаҳри Манила, пойтахти Филиппин, дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи ҷануби шарқӣ доир шуд.


Вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи ҷануби шарқӣ аз раҳбарияти «Толибон» даъват карданд, ки гаравгонҳои кореиро фавран раҳо кунанд. Гуфта мешавад, шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ ва кормандони як созмони хайрияи масеҳӣ рӯзи 19-уми июли соли равон дар вилояти Ғазнии Афғонистон рабуда шуда буданд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки дирӯз муҳлати зарбулаҷали навбатии толибон барои ба ивази раҳоии гаравгонҳо аз маҳбасҳои Афғонистон раҳо кардани 8 ҷонибдоронашон ба охир расид.


Толибон баъди ба қатл расонидани ду гаравгон ҳушдор доданд, ки дар сурати иҷро нашудани зарбулаҷал даст ба эъдоми дигар гаравгонҳо хоҳанд зад.
XS
SM
MD
LG