Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳияи тарҳи буҷаи 2008-и Тоҷикистон


Тарҳи лоиҳаи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли оянда, ки ахиран барои баррасиву тасдиқ вогузори порлумони кишвар гардид, ҳудуди 4 млрд 800 млн сомонӣ (муодили беш аз 1 млрд 390 млн доллари амрикоӣ)-ро дар бар мегирад.


Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, бар ин назар аст, ки дар буҷаи соли 2008 низ авлавият бар соҳаҳои маориф ва таъмини иҷтимоӣ дода мешавад. Ӯ меафзояд: «Ҳамзамон бахши низомии кишвар низ маблағи зиёд хоҳад гирифт, чун ба ин соҳаҳо худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хос дорад».


Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳаким Солиев, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, мегӯяд, буҷаи давлатӣ дар соли 2008, бидуни дарназардошти сармоя ва қарзҳои хориҷӣ аз марзи 3 миллиард сомонӣ хоҳад гузашт ва он на буҷаи иҷтимоӣ, балки тадриҷан буҷаи рушд хоҳад шуд


Ва аммо гурӯҳе аз коршиносони масоили иқтисодӣ иддао доранд, ки маблағҳои пешбинишудаи буҷаи соли 2008 барои иҷрои тарҳҳои азим, мисли сохтмони нерӯгоҳҳо ва ба сурати назаррас даст ёфтан ба коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон, кофӣ нест. Раҳматулло Валиев, як коршиноси тоҷик, мегӯяд: «Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон назар ба давлатҳои ҳамсояи Узбакистону Қазоқистон баланд аст. Баландшавии нарху наво ҳам метавонад боиси паст шудани сатҳи зиндагии мардум шавад ва ин буҷа барои ҷилавгирӣ аз афзоиши мизони фақр ночиз аст. Ҳамзамон пешбинӣ шудани маблағи кам дар буҷаи давлатии соли 2008 низ сабаб дорад: истеҳсолот дар Тоҷикистон дар дараҷаи паст аст, даромад нест, сатҳи бекорӣ ҳам баланд аст».


Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2008-ум ба 14 млрд 800 млн сомонӣ мерасад. Буҷаи соли ояндаи кишвар ҳам 29 дарсади ММД-ро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG