Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ: дар як рӯз 65 нафар кушта шуданд


Имрӯз дар Бағдод бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ дасти кам 65 нафар кушта шуд.
Аз ин теъдод 50 нафар дар ғарби пойтахти Ироқ дар натиҷаи инфиҷори мошин бо маводи сӯхт дар як бунгоҳи фурӯши бензин ба ҳалокат расиданд.


Инфиҷори дуввум дар маркази Бағдод рух дод. Ин дафъа инфиҷори як мошини ҳомили маводи тарканда мунҷар ба ҳалокати 15 нафар ва ҷароҳат бардоштани 30 нафари дигар гардид.


Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи мақомоти ҳукумати Ироқ, моҳи гузашта бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ дар кишвар беш аз 1600 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG