Пайвандҳои дастрасӣ

Бо як миллион доллар чӣ мекардед?


Аммо имрӯз бисёре аз онҳо мегӯянд, ки бо ин маблағ мехостанд кор ё тиҷорати наверо шурӯъ кунанд ва ба худу аҳли хонаводаашон ёрӣ расонанд.

«Ман дар ноҳияи Файзобод зиндагӣ мекунам ва ин ноҳияи кишоварзӣ аст. Ман дар онҷо корхонаи тавлиди нӯшоба таъсис медодам», - мегӯяд ҷавоне, ки ҳамсуҳбати аввалини мо буд. «Ман ҳатман маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва компютер таъсис медодам» - изҳор мекунад як ҷавондухтари резапайкар бо номи Наргис.

Дар ҳамин ҳол, чунин ба назар мерасад, ки салиқаи духтарҳо ҳам назар ба панҷ соли пеш андак тағйир кардааст - ва онҳам ба тарафи мусбат. Имрӯз кам андар кам мешунавед, ки духтарҳо бигӯянд дар орзуи ҷавоҳироти гаронбаҳову куртаҳои зебо бошанд. Аксари онҳо ба пурсиши мо посух доданд, ки мехоҳанд бо таъсиси корхонаҳои ҳунармандӣ ва ё пазандагӣ дар иқтисоди кишвар фаъолияти худро ба роҳ монанд: «Ман, ки кадбону ҳастам, орзу дорам як корхонаи пазандагӣ таъсис диҳам. Имрӯз ба анвоъи ғизоӣ талабот мардум эҳсос мегардад ва, ман фикр мекунам, ки шахс дар ин соҳа муфлис намешавад».

Дугонаи ӯ нақшаи дигар дорад : «Пул бошад, дар ҷангал - шӯрбо. Ҳунар меомӯзам пеш аз ҳама. Ҳоло ҳам ман бекор нестам ва дӯзандагиро меомӯзам ва мехоҳам як корхонаи дӯзандагӣ таъсис дода, занонро ба кор таъмин кунам. Худам раиса шавам, ҳам мешавад-ку....»

Сафо, як ҷавони 27-солаи тоҷик, ки дар донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекунад, мегӯяд, ҳарчанд имрӯзҳо аз истиқлолияти Тоҷикистон 16 сол сипарӣ мешавад, аммо ҳанӯз ҳам дар кишварамон беморхонаҳои муосире, ки бо таҷҳизоти ҷадид муҷҷаҳаз бошанд, фаъолият намекунанд. Сафо мегӯяд, ки орзу дорад бо 1 миллион доллар дар пойтахт як беморхонаи муосир бунёд намояд.

Ҳамсолони мову шумо ятиму бепарасторонро низ фаромӯш накардаанд ва, дар сурати пайдо кардани ин микдор маблағ омодаанд, ки барои онҳо марказу хонаҳои муосир бисозанд.

Баъзеи ҳамсолони мо ягон фикри мушаххас надоранд, вале, бо вуҷуди ин, чун Исматуллоҳ саховатпешаанд: «Агар ин пул ба дасти ман афтад, ман як қисмашро ҳатман хайру садақа мекунам».

Посухи Малика ҳам бисёр бароям ҷолиб буд, Маликаро нақзи ҳуқуқи ҷавонон дар кишвар нигарон кардааст. Бо дарёфти як миллион доллар ӯ мехоҳад як ҳизби вижаи ҷавононро таъсис диҳад, ки танҳо ба ҳимояти манофеъи сиёсиву иҷтимоъии онҳо равона шуда бошад: «Ҳизбе таъсис медиҳам, ки дар он ҷавонон сарвар бошанд. Имрӯз дар ҷомеъа ҳуқуқҳои ҷавонон зиёд поймол мешавад. Масалан, агар дар сари чанбари мошин ҷавон бошад, ҳарчанд қоидаи роҳро вайрон накарда бошад ҳам, баъзе аз кормандони БДА онҳоро гунаҳкор карда, аз эшон пул меситонанд».

Як ҷавони дигар бо номи Алишер бо ин микдор маблаг созмони махсусеро таъсис доданист, ки фаъолони он ба ҳимояи хуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии мо дар дигар кишварҳо машғул мешуданд: «Имрӯзҳо дар ҳама кишварҳо муҳоҷирони кории моро ғолибан фиреб медиҳанд. Ҳуқуқҳои онҳо қариб сари ҳар қадам поймол мешавад. Ман тамоми муттахасисони ҷавонро ҷамъ мекардам ва бо кумаки онҳо ҷиҳати таъмини ҳуқуқу манфиатҳои мардикорони ҷавонамон як шабакаи махсуси таъмини корро таъсис медодам».

Бо ин ҳама орзуву ҳавасҳо, ман як умумиятеро дар ҳамаи ин ҷавонҳо эҳсос кардам: онҳо наметавонанд орзуҳои худро бидуни донишҳои кофӣ ва таҷрибаи корӣ амалӣ созанд. Аз ин рӯ аксар мегуфтанд, ки як қисми ин маблағҳоро барои таҳсил ва баланд бардоштани донишу малакаи худ сарф мекарданд.

Орзуву нақшаҳои ҷавонон хеле зиёданд ва, ҳарчанд дар вақти суҳбат дар ин мавзӯъ чеҳраҳои аксари онҳо шукуфон ва рӯҳашон болида мегардид, аммо баъд дубора ба воқеияти худ бармегаштанду бо таассуф мегуфтанд, ки пайдо кардани ин миқдор маблағ барояшон орзуе беш нест.

Вале беҳуда намегӯянд, ки зиндагиро орзу ширин мекунад. Пас орзу кунед!

Хосса, вақте ки дар ҷавонӣ орзу кардан айб надорад.

oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG