Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як узбак дар маҳбаси Тошканд


Як марди ӯзбаке, ки барои мушорикати эҳтимолиаш дар ҳаракати Ҳизб-ут-Таҳрир дар зиндон ба сар мебурд, ба қавли аҳли хонаводааш, дар шароити машкук ба ҳалокат расидааст.


Инъомҷон Ёқубови 39-сола соли 1998 барои узвият дар гурӯҳи мамнӯъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрир ба 18 соли зиндон маҳкум гардид.


Моҳи июли имсол ҷасади ӯ барои хоксупорӣ ба аҳли хонаводааш баргардонида шуд.


Хоҳари Ёқубов - Назокат дар сӯҳбат ба бахши ӯзбакии радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷасади бародараш чандин ҷароҳат ошкор шудааст. Аҳли хонаводаи ӯ гуфтанд, ки вай зимни буду бошаш дар зиндон ба дарди сил гирифтор шудааст.
XS
SM
MD
LG