Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Райс бо ҳамтоёни арабаш


Вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс бо ҳамтоёни арабии худ аз Миср, Урдун ва Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ дидору гуфтугӯҳо анҷом дод.


Изҳороте, ки дар пайи ин мулоқот дар Шарму-ш-шайхи Миср ба нашр расид, тааҳҳудоти умумиро барои поин додан ба хушунатҳои Ироқ такрор мекунад.


Дар ин изҳорот омадааст, ки ширкатдорони ин нишаст, барои тавсеаи сулҳу амният дар Ироқ аз ҳамоҳангӣ кор хоҳанд гирифт.


Кондолиза Райс ва вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс бо як сафари минтақаӣ дар Ховари Миёна ба сар мебаранд, ки ҳадаф аз он талоши муттаҳид сохтани раҳбарони давлатҳои арабӣ алайҳи ба қавли Амрико - "таъсири харобкоранаи Эрон ба вазъи минтақа" мебошад.
XS
SM
MD
LG