Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси абади майор барои қатли се ҳамсоя


Додгоҳи олии Тоҷикистон майори собиқи милиса Наримон Абдураҳмоновро ба ҳабси абад маҳкум кард. Наримон Абдураҳмоновро Додгоҳи олӣ дар қатли се шаҳрванд ва сӯйиқасд ба ҷони ду тани дигар, ки ҳамсояҳо ва яке аз онҳо сарҳанги мақомоти интизомӣ будааст, муттаҳам донист. Ва аммо худи Наримон Абдураҳмонов бо ҳукми додгоҳ розӣ нашуда, хостори таҷдиди назар ба парвандааш шудааст.


Ёдрас мекунем, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз майори собиқи милиса, ки ҳамакнун додгоҳ ӯро аз рутбаи низомиаш низ маҳрум кардааст, ба чаҳор ҳамсояаш бо таппонча ҳамла намуда, ду нафарро кушт ва ду тани дигарро захмӣ намуд. Пас аз содир кардани ҷиноят Наримон Абдураҳмонов ба вазорати умури дохила ҳозир шуда ва гуноҳҳояшро иқрор кардааст. Феълан, оқои Абдураҳмонов дар зиндони шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.


Тафсилот ин ҷост
XS
SM
MD
LG