Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дигар ба UNTOP ниёз надорад


Душанбе. Пас аз ҳузури тақрибан 15-солаи худ дар Тоҷикистон сешанбеи 31-уми июл Дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон ба фаъолияти худ дар ин кишвар расман хотима бахшид.

Владимир Сотиров, раҳбари намояндагии дафтари сулҳи СММ дар Тоҷикистон, дар маросими анҷоми фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳадаф ва рисолати аслии он барқарор ва таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон буд ва ин намояндагӣ рисолати худро муваффақона анҷом дод: «Вазифаи аслии намояндагии дафтари сулҳи СММ дар Тоҷикистон таҳкими раванди сулҳ дар ин кишвар, кумак расондан ҷиҳати таъсиси сохторҳои дохилӣ ва эҷоди фазое дар ин кишвар буд, ки таҳкими нерӯҳо дар муқобили мухолифатҳоро пӯштибонӣ намояд».

Оқои Сотиров дар суханрониаш таъкид кард, ки дар ҳангоми анҷоми ин вазифаҳо панҷ нафар кормандони ин дафтар, ки яке ҳам шаҳрванди Тоҷикистон буд, ҷони худро аз даст доданд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин гирдиҳамоӣ бо арҷгузорӣ ба хидматҳои Дафтари таҳкими сулҳи СММ дар раванди бунёди сулҳи миёни тоҷикон гуфт, ки бо анҷоми фаъолияти ин намояндагӣ дар кишвар ҳамкории Тоҷикистон бо СММ хотима намеёбад, балки ба сатҳи сифатан нав ворид хоҳад шуд: «Яке аз делелҳои анҷоми муваффақонаи вазифаи худ аз сӯи Дафтари сулҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ин аст, ки феълан кишвари мо аз кишвари воридкунандаи нерӯҳои сулҳхоҳ ба кишваре табдил шудааст, кифарзандони худро зери парчами ин нерӯҳо ба дигар кишварҳо мефиристад».

Оқои Зарифӣ ҳамчунин изҳор намуд, ки феълан гурӯҳи нахустини нерӯҳои сулҳхоҳи тоҷик аз ҷумлаи кормандони вазорати дохилаи кишвар бо пуштибонии ин дафтар барои ширкат дар амалиёти сулҳоварии СММ омода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, фаъолияти дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон ба он хотир муваффақона буд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ мардуми тоҷик ва гурӯҳҳои даргир ба кумаки он шитофтанд ва аз фаъолияти ин созмони бонуфузи байнулмилалӣ пуштибонӣ карданд. Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи бисёр кишварҳои ҷаҳон далели он аст, ки дар сурати аз сӯи мардум ва ҷонибҳои мухолиф дастгирӣ наёфтан ин созмон наметавонист кори шоистаеро анҷом диҳад.

Оқои Кабирӣ афзуд, ки дафтари таҳкими СММ дар Тоҷикистон бо таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар кишвар умед дошт, ки пас аз анҷоми фаъолияти худ мардуми тоҷик метавонд бо дастгирии маънавии ин ниҳоди байнулмилалӣ сари масоили мубрами сиёсии кишвари худ гуфтугӯ кунанд ва ба натоиҷи мусбате ҳам даст ёбанд.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҲНИТ мутазаккир шуд, ки, мутассифона, Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар ҳалли масоили муҳим натавонистааст ба як созмони муассир табдил шавад ва, аз ҳамин сабаб, агар вазъ чунин монаду фаъолияти шӯрои ҷамъиятӣ ҳамоно номуассир боқӣ монад, пас дар оянда ба фаъолияти ин созмони миёнарав кишвар зарурат пайдо хоҳад кард.

Вале сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов муътақид нест, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир барои ҳалли мушкилоти сиёсии худ ба созмони миёнраве чун дафтари таҳкими сулҳи СММ ниёзе дошта бошад.

Тоҷикистон 2 марти соли 1992 ба узвияти СММ пазируфта шудааст. Ва намояндагии ин созмон 1 феврали соли 1993 дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Дар ибтидо фаъолияти ин созмон ба унвони ҳайъати нозирони СММ ном бурда мешуд, ки ҳадафи он расидан ба истиқрори сулҳ дар кишвар, баҳогузори ба бархӯрдҳои низомӣ, мусоидат ва ироъаи кумакҳои башардӯстона буд. Ва шурӯъ аз 1-уми июни соли 2000 ин ҳайъат ба унвони Дафтари таҳкими сулҳ муҷаддадан фаъолияти худ дар Тоҷикистонро идома дод.

Тарҳҳои аслии анҷомдодаи ҳайати нозирони СММ ва дафтари таҳкими сулҳи СММ дар Тоҷикистон, ба гуфтаи коршиносони масоили сиёсӣ, аз ширкат дар музокироти сулҳ тоҷикон, ба ҳаёти осоишта овардани размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, корҳое дар бахши дифоъи ҳуқуқи инсон, мусоидат ба ислоҳоти қонуни интихобот ва назорат ба интихоботҳо иборат мебошад.

Дар соли 1998 чаҳор корманди СММ, Ричард Шевчек аз Лаҳистон, Адолф Шарпегу аз Уругвай, Ютака Акино аз Ҷопон ва тарҷумони онҳо Ҷӯраҷон Маҳрамов дар шарқи Тоҷикистон ваҳшиёна кушта шуданд. Расми бошукӯҳи хотимаи кори дафтари сулҳ баёнгари сипосгузории мардуми Тоҷикистон аз кормандони СММ буд.
XS
SM
MD
LG