Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи Азалшо Олимов


Маҳмуди Абдулло, саркотиби ин мусобиқаи анъанавӣ, ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо беш аз 100 паҳлавон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат тӯли ду рӯз дар шаҳри Хоруғ қувваозмоӣ карданд.

Дар рақобатҳо чаҳор гуштигири вилояти Бадахшон - Фирӯз Ниёзмамадов дар вазни то 55 килограмм, Мансур Ҷумъахонов дар вазни то 60 килограмм, Салам Имомназаров дар вазни то 65 килограмм ва Меҳрон Давлатов дар вазни то 70 килограмм ҷойҳои аввалро касб карданд.

Ҳамчунин чаҳор паҳлавони шаҳри Душанбе - Сулаймон Сулаймонов дар вазни то 75 килограмм, Ҷӯрахон Назаров дар вазни то 80 килограмм, Санҷар Сарфарозов дар вазни то 86 килограмм ва Зиёратшо Баротов дар вазни беш аз 95 килограмм ғолиби ин мусобиқа гардиданд.

Паҳлавони маъруфи кишвар Пӯлодҷон Солеҳов, аз шаҳри Ваҳдат, ки дар вазни то 95 килограмм ҷойи аввалро дарёфт кард, дар вазни мутлақ низ ғолиб омада, бо ҷоизаи аслии мусобиқаи ҷумҳуриявии ёдбуди Азалшо Олимов мукофотонида шуд.
XS
SM
MD
LG