Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснанишинии маҳбусони эронӣ дар зиндони Ёвон


Ду шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Эрон,ки дар зиндони ноҳияи Ёвони Тоҷикистон маҳбусанд, дар эътироз ба тасмими таҳвили онҳо ба мақомоти ҶИЭ ахиран даст ба гуруснанишинӣ заданд. Ниҳоди дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфтааст Мирмаҳдии Мӯсавӣ ва Асади Ҳайдарӣ ҳамзамон эъломияҳои худро ба маркази САҲА дар Душанбе ва Мудирияти комиссари олии оид ба гурезагон ирсол намудаанд. Гуфта мешавад, дар ин нома аз ҷумла омадааст, ки имкон дорад онҳоро иҷборан ба ватанашон Эрон истирдод кунанд, ҳол он ки ин амал ба ҳаёти онҳо хатар ва истифодаи эҳтимолии шиканҷаро нисбат ба онҳо дар пай дорад.


«Мо фаъъолони сиёсии Эрон маҳсуб мешавем, ки мазҳаби худро ба масеҳият иваз кардаем. Дар ҳолати табъидамон ба Ватан, имкон дорад, ки моро қатл кунанд ва ё бидуни риояти қонун дучори шиканҷаҳои сангин қарор бидиҳанд», - таъкид мешавад дар номаи онҳо.


Дар ҳамин ҳол муаллифони нома сабаби гуруснанишинии худро чунин асоснок мекунанд: дар сурати истирдоди эҳтимолии онҳо ба Эрон ба ҷони эшон хатар (шиканҷа ва ҳатто марг) таҳдид мекунад, дастрасӣ ба вакилони мудофеъ ва созмонҳои байнулмилалӣ дар кишварашон (ки, хушбахтона, дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро доранд) имкон надорад, шароити ибодат дар калисоҳои масеҳӣ дар Эрон ва имкони дидори намояндагони СММ ва «Салиби сурх» аз зиндонҳои онҷо аслан вуҷуд надорад. Инчунин ин ду маҳбус аз он норозӣ ҳастанд, ки, ҳарчанд усулан шомили афви ахири раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор гирифтаанд, вале ҳамоно онҳоро дар ҳабс нигоҳ медоранд.


Бо ишора ба ин ҳама, маҳбусони эронӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ муроҷиат намуда, тақозо кардаанд, ки ба истирдоди эҳтимолии онҳо ба Эрон роҳ надиҳанд ва ҳамзамон чораҳои лозимаи ҳимояти ҳуқуқи онҳо андешида шавад.


Бино ба иттилои Раёсати маҳбасҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, ин ду шаҳравнди Эрон бо ҷурми убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон боздошт шуда, бо ҳукми додгоҳ зиндонӣ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG