Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барандагони Ҷоми "Шоҳона"


Дар ин мусобиқа, ки дар варзишгоҳи шаҳри Чкалови вилояти Суғд баргузор шуд, 148 варзишгар дар ҳайати 8 даста аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон ширкат карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар ҳафт вазн муштзанҳои тоҷик ва дар чаҳор вазн меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд.

Се варзишгари шаҳри Хуҷанд - Мурод Расулов дар вазни то 48 кило, Мирҷалол Ғиёсов дар вазни то 69 кило ва Баҳоваддин Ашӯров дар вазни то 75 кило, се нафар аз дастаи мизбон - бошгоҳи варзишии «Шоҳона»-и шаҳри Чкалов - Ҳасан Мӯсоев дар вазни то 57 кило, Рустам Раҳмонов дар вазни то 64 кило ва Константин Макроусов дар вазни то 91 кило ва як намояндаи шаҳри Душанбе Анвар Юнусов дар вазни то 54 кило бар ҳамаи рақибонашон дастболо шуда, ҷойҳои аввалро касб карданд.

Се варзишгари Узбакистон - Комил Аҳмадов, аз шаҳри Бекобод дар вазни то 57 кило, Ҳамза Азизов, аз шаҳри Бухоро дар вазни то 81 кило ва ҳамшаҳрии ӯ Нодӣ Ғуломов дар вазни беш аз 91 кило барандаи Ҷоми «Шоҳона» гардиданд. Ва як ҷоизаи аввал дар вазни то 60 кило ба Мухтор Азимов, аз шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон супурда шуд.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федеросиюни бокси Тоҷикистон дар бастагӣ ба ин мусобиқа ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқа барои аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки моҳи октябр дар шаҳри Чикагои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, маҳсуб мешуд.»
XS
SM
MD
LG