Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ОМОН ба муҳоҷирони тоҷик


Гурӯҳи милиса ва омонҳои Русия ба яке аз шаҳракҳои бинокорон ҳамла оварда, зиёда аз 20 муҳоҷири тоҷикро бе ягон сабаб шадидан латукӯб кардаанд.


Муҳоҷирон захмҳои гуногун бардошта, яке аз онҳо бо номи Ҳомидов аз такони мағзи сар бемор шудааст ва ба гуфтаи пизишкон бояд ба бемористон интиқол дода шавад.


Нигаҳбони шаҳрак Кобилянский гуфтааст, ҳамлаварон пеш аз он ки муҳоҷирон асноди худро нишон диҳанд ба латукӯби бераҳмонаи онҳо пардохтаанд. Сипас ҳамаи муҳоҷиронро боздошт карда ба дафтари полиси Павловская Слобода интиқол додаанд.


Дар он ҷо онҳоро таҳқир кардаву ба даҳонаш мили силоҳ гузошта, баъд аз рӯёндани аз 500 то ҳазоррублӣ озод кардаанд.
XS
SM
MD
LG