Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имомхатибонро аттестатсия мекунанд


Ҳукумати шаҳри Душанбе аз Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон хостааст, то дониши имомхатибҳои масоҷиди панҷвақтаи пойтахтро бисанҷад, зеро ба гуфтаи мақомот баъзе аз ин рӯҳониён саводи кофии динӣ надоштаанд.

Шамсиддин Нуриддинов, раъиси шӯъбаи умури дин дар ҳукумати Душанбе, ҳарчанд аз шарҳи бештари ин пешниҳоди шаҳрдорӣ худдорӣ кард, аммо гуфт, дар сурати аз имтиҳон нагузаштан, имомхатибҳо аз вазифаи худ барканор ва ба ҷои онҳо рӯҳониёни дигар таъйин хоҳанд шуд. Оқои Нуриддинов мегӯяд, ҳадаф аз ин озмоиш аттестатсияи рӯҳониён аст, то муллоҳои босавод ва огоҳ аз шариат ба хатибии масоҷид пазируфта шаванд: «Бозсанҷии имомхатибҳо кори мо нест. Шӯрои уламои Тоҷикистон тасмим дорад, то авохири моҳи август имомхатибҳои масҷиди панҷвақтаро санҷиш кунад. Дар сурати пайдо шудани зарурат ба ҳангоми санҷиш кормандони шуъбаи дини шаҳрдорӣ низ иштирок мекунанд».

Дар гузашта низ имомхатибҳо аз санҷиши Шӯрои уламои Тоҷикистон мегузаштаанд. Вале дар ҳоли ҳозир фақат имомхатибони масоҷиди панҷвақта ва дигар муассисаҳои динӣ, ки шуморашон дар Душанбе сесад адад будааст, мавриди санҷиши ихтисосӣ қарор мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, Ҳабибхон Аъзамхонов, масъули масҷиди "Сариосиё"- и пойтахт, санҷиши ихтисосии имомхатибонро нақзи ҳуқуқи онҳо медонад ва мегӯяд, ки пешниҳоди мири шаҳри Душанбе на танҳо ӯ, балки ҳамтоёни дигарашро низ нороҳат кардааст: «Ҳоло фишор аз болои имомхатибҳо зиёд шудааст. Ба сабаби танзими расму ойин дар фаъолияти имомхатибҳо низ монеъа эҷод карданд. Дигар мардуми мо наметавонад озодона ойини худро ба иҷро расонад. Ин амал бо гузашти вақт метавонад боиси сар задани бадбахтие дар кишвар гардад».

Вале Қобилҷон Боев, мудири шуъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон, ин амалро ба нафъи ҷомиъа ва намозгузорон хонд ва афзуд, ки то имрӯз аз болои имомхатибони масҷидҷои панҷвақта шикояти зиёде расидааст. Қобилҷон Боев, мудири шуъбаи фатвои Шурои уламо: «Имомхатибҳои масҷидҳои ҷомеъ аз такмили ихтисос гузашта, шаҳодатнома ҳам гирифтанд. Ҳозир дар Душанбе мувофиқи қарори мири шаҳр тафтиш меравад, намояндагони маркази исломӣ, додситонии шаҳр ва мадрасаи исломӣ имомҳоро суолу ҷавоб мекунанд. Бисёр шикоятҳо мерасанд, ки имоми фалон масҷид бесавод, барои ҳамин як бор тафтиш кардан хуб аст. Чунин навъи тафтиш дар бисёри давлатҳо ҳастанд. Бе тафтиш намешавад».

Дар ҳамин ҳол, коршиноси мустақил Исмоил Раҳматов тасмими санҷиши имомхатибонро дуруст мешуморад. Ба эътиқоди ӯ, ҳангоми санҷиш муносибати хешутаборӣ имкон намедиҳад, то имомхатибони шоиста дар масҷидҳо фаъолият кунанд: «Омили хешутаборӣ дар вақти санҷиш таъсири манфӣ мерасонад. Ба ҳамон кумиссиюне, ки атестатсияи имомхатибҳои масоҷиди душанберо мегузаронад, бояд намояндагони институтҳои фалсафа ва шарқшиносию исломшиносӣ ворид шаванд. Баъд аз он ки аз санҷиши онҳо имомхатибҳо мегузаранд, ҳамин гуна имомхатибҳо комил ҳастанд. Ва мо ба гапи онҳо бовар ва итоат мекунем».

Ҳамон тавре дар гузориш назари масъулин ва афроди коршинос оварда шуд, бархе ин иқдоми шаҳрдориро ба хотири таълиму тадриси исломи ноб дар ҷомиъа дуруст мешуморанд, аммо гурӯҳи дигар онро идомаи амалҳое мисли маҳдуд кардани ҳиҷоб, бастани масоҷиди панҷвақта ва нобуд кардани наворҳои мазҳабии рӯҳониён медонанд.
XS
SM
MD
LG