Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонӣ шудани ду узбакистонӣ дар Суғд


mm

Имрӯз додгоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ду шаҳрванди Узбакистонро бо гуноҳи ҷосусӣ ба манфиати ин кишвар ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст.


Ба иддаъои додгоҳ, шаҳрвандони Узбакистон Тӯрабек Раззоқов ва Аллоҳёр Азизов доир ба иншооти муҳими Тоҷикистон иттилоъ ҷамъ оварда ва онҳоро ба Узбакистон мефиристодаанд.


Додгоҳ рӯзи ҷумъа Турабек Раззоқовро ба чаҳордаҳуним ва Аллоҳёр Азизовро ба сенздаҳуним соли зиндон маҳкум кардааст. Ин ду нафарро охирҳои соли гузашта дар қаламрави вилояти Суғд боздошт кардаанд.


Гуфта мешавад, додгоҳи ин вилоят қаблан низ чандин нафар аз шаҳрвандони Узбакистонро бо ҳамин гуноҳ ба зиндон маҳкум кардааст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд.
XS
SM
MD
LG