Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тафтиши масоҷиди Душанбе


cf

Шаҳрдории Душанбе гуфтааст, ҳамроҳ бо Шӯрои уламои Тоҷикистон тафтиши масҷидҳои пинҳонӣ ва ҷомеъро идома хоҳад дод. Ҳамзамон барои кормандони ин масоҷид аттестатия барпо хоҳад шуд. Ин амалиёт то 25-уми августи соли равон идома хоҳад кард.


Гуфта мешавад, ин амалиёт тибқи қонуни дин ва иттиҳодияҳои маҳзабӣ ва қонуни танзими расму оинҳо ҷараён гирифта, ҳадаф аз он назорат бар истифодаи дурусти ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ноҳия, шаҳрак ва маҳаллаҳои шаҳри Душанбест.


Қаблан чунин тафтиш аз тарафи додситонии шаҳр ба амал омада буд ва ҳафтаи гузашта ду масҷиди панвақтаи ноҳияи Сино, бо сабаби он ки беиҷозат амал мекарданд, тахриб карда шуданд.


Дар соли равон ҳамчунин аз тариқи баландгӯяк пахш кардани азон ё даъват ба намоз низ манъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG