Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браун, Буш ва мероси Блер


Барои рӯшании бештар ба масъала ва дарёфти нишонаҳои ояндаи равобит миёни Амрико ва Бритониё гуфтугӯе доштем бо шореҳи рӯзномаи Файнаншл таймс, Филип Стефенс, ки рӯзи 27-уми июл дар ҳамин мавзӯъ мақолаи таҳлилиеро ба нашр расонд. Нахуст пурсида шуд, ки нуктаи меҳварии мақола, ки муносибатҳои Бритониё ва Амрико ҳам ба давраи Блер монанд хоҳанд буду ҳам фарқ хоҳанд дошт, ба чӣ маънист?

"Таҳдоби стратегии муносибатҳо ҳамоно амният, муқобиала ба таҳдидҳои ҳамсон, тақсими фанновариҳои ҳарбӣ ва албатта, амалиёт дар Ироқу Афғонистон хоҳанд буд. Инҳо бетағйир мемонанд, вале муносибатҳо ба ду шакл тағйир мекунанд. Аввaлан, хуб маълум ки Браун Блер нест, равобити Блер бо Буш як пайомади рӯйдодҳои 11-уми сентябр буд ва хеле наздик омаду аз хилоли Афғонистон ва Ироқ якҷоя гузашт. Браун ҳарчанд аз ҳарду амалиёт пуштибонӣ мекунад, вале аз Буш фосила хоҳад гирифт. Буш баъд аз 18 моҳи дигар аз вазифа мерасад ва ин фурсати кофӣ барои муносибатҳои хусусӣ нест. Дуввум, дар Бритониё ва куллан Аврупо як рӯҳияи зиддибушӣ ва то андозае зиддиамрикоӣ боло мегирад ва сиёсати дохилии Бритониё ва Аврупо Браунро маҷбур мекунад, аз ҳукумати буш як фосилаи муайяне бигирад. Ва Браун аз робитаҳои мустаҳкам сухан гӯяд ҳам, ба бисёрқутбӣ, истифода аз қудрати нарм, ба монанди кумакҳои моддӣ, тиҷорат ва ругшди иқтисодӣ ишора хоҳад кард. Албатта, ба нирӯи ҳарбӣ низ, вале ба шакле ки худро аз Тони Блер мутафарриқ гардонад."

Вале вай нахоҳад тавонист, ба дараҷае дур равад, ки ба маънии радди сиёсатҳои қаблӣ бошад. Браун узви ҳамин ҳукумате буд, ки дар тасмимҳои Блер шарик аст ва яке аз меҳварҳои ин ҳукумат буд, пас вай амалан нахоҳад тавонист, ин меросро талоқ диҳад.

«На, ман фикр намекунам, вай ин меросро талоқ медиҳад. Аммо паём хоҳад дод, ки оянда аз гузашта фарқ хоҳад кард. Ман бо яке аз дӯстони наздики Браун сӯҳбат доштам ва аз ӯ дар бораи сиёсати хориҷии Браун суол кардам, гуфт, дигар ҷанг намехоҳем. Албатта, дар Вошингтон ҳам, баъд аз мушкилоти Ироқ кам касон хоҳони ҷанганд ва ба назарам, Браун ҳамин ҳолатро нигоҳ хоҳад дошт, то бубинад, чӣ ҳукумате ба ҷои ҳукумати Буш меояд. Ҳамзамон нишон дода хуҳад шуд, ки он равобит бо Буш дигар дар миён нахоҳад буд ва Бритониё дигар ба моҷароҳои ҳарбии ИМ шарик нахоҳад шуд.»

Хуб, яъне вай ба Буш хоҳад гуфт, ки агар дар бораи Эрон нақшае доред, мо бо шумо нестем?

"Бале, ба фикри ман, ҳарчанд Браун ва вазири умури хориҷии ӯ, Дейвид Милибанд расман мегӯянд, ҳеҷ гузинаеро дар мавриди Эрон канор намегузоранд, паёми хусусӣ ин хоҳад буд, ки Бритониё аз амалиёти ҳарбии зидди Эрон пуштибонӣ нахоҳад кард, хуб ба шакли дипломатияш ингуна ки дар ҳоли ҳозир ё ҳаждаҳ моҳи оянда ягон далели фаврие дар миён нест, ҳатто агар Эрон аз барномаи ҳастаияш даст накашад ҳам. Манзур, барномаи ҳастаии Эрон дарвоқеъ як масъалаи бузург аст, тавре масалан, Фаронса низ мегӯяд, вале иштиҳое барои амалиёти ҳарбӣ аслан вуҷуд надорад."
XS
SM
MD
LG