Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон: "Фурсати охирин то зӯҳри имрӯз"


Толибони афғон гуфтаанд, барои иҷрои талабҳояшон ба ҳукумати Ҳомид Карзай то зӯҳри имрӯз, 30 июл, охирин бор фурсат медиҳанд.


Онҳо мегӯянд, талаби худро ба ҳукумат рӯшан кардаанд ва дигар моил ба ҳеч гуна гуфтушунид нестанд. Толибон тасдиқ карданд, ки ҳамаи гаравгонҳо шадидан беморанд.


Қазияи кормандони рабудашудаи як созмони хайрияи Кореяи Ҷанубӣ ёздаҳ рӯз аст, идома дорад ва дар ин байн толибҳо раҳбари гурӯҳро ба қатл расонданд.
XS
SM
MD
LG