Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳанги Беларус ба Тоҷикистон меояд


Имрӯз, 30 июл, дар Душанбе Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Беларус оғоз мегардад.


Тибқи барнома дар хонаи синамои пойтахт филмҳои беҳтарини коргардонҳои ин кишар намоиш дода шуда, гурӯҳи созии Песняри дар Кохи Ҷомӣ барномаи ҳунарӣ доир мекунанд.


Ҳамчунин, дар осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод нигорҳои наққошони муосири ин кишвар ба маъраз гузошта мешаванд.


Меҳмонон инчунин дар шаҳрҳои Норак ва Турсунзода низ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Рӯзҳои фарҳангии Беларус дар Тоҷикистон то 4 уми август идома мекунад.
XS
SM
MD
LG