Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози амалиёти нави маҳви кишти хашхош


Ҷузвутомҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марҳилаи нави амалиёти "Хашхош 2007"-ро шурӯъ мекунанд.


Ин амалиёт, ки ба маҳви кишти хашхош дар дохили кишвар нигаронида шудааст, солҳои охир, дар пасманзари муборизаи густарда бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон, то андозае камаҳамият намудор мешуд.


Аммо ахиран Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, бо истифода аз василаҳои нав амалиётро тақвият хоҳад дод.


Дар марҳилаи аввали амалиёт, ки ибтидои моҳи майи соли равон шурӯъ шуда буд, 1 ҳазору 250 буттаи хашхош ва қариб 74 ҳазор буттаи бангдона маҳв карда шудааст.
XS
SM
MD
LG