Пайвандҳои дастрасӣ

Фасоди давраи М. Зиёев ва С. Зувайдов?


Гуфта мешавад, миёни ин соҳибмансабон танҳо се корманди милиса, се устоди донишгоҳ, ду нозири идораи молиёт ва ду меъмор будаанд.

Ба гуфтаи мақомоти ин ожонс, иддае аз масъулони Вазорати умури изтирорӣ ҳангоми раёсати Мирзо Зиёев ва Вазорати мухобирот дар замони сарварии Саид Зувайдов аз мақомҳояшон суистифода карда, даст ба тасарруфи амволи давлатӣ задаанд.

Радиои Озодӣ асли масъаларо аз Шерхон Салимов, раиси Ожонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод, пурсон шуд. Вай гуфт: «Ман дар ин бора ҳоло чизе гуфта наметавонам. Дар ин ду сохтор вайронкунии қоидаҳои молиявӣ ошкор карда шудааст. Санҷишҳо идома доранд ва ин санҷишҳо нишон медиҳанд, ки асли кор чист».

Ба гуфтаи мақомоти Ожонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод, масъулини собиқ Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ҳудуди 130 ҳазор сомонӣ ва Вазорати пешини мухобирот беш аз 700 ҳазор сомониро бар суди худ истифода кардаанд.

Ҳамзамон, тибқи хабари раиси Ожонси зиддикоррупсионӣ, феълан тафтиши парвандаи раиси пешини шаҳри Табошари устони Суғд Муяссар Зокирова идома.

Ба ғайр аз ин ахиран як корманди худи Ожонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар устони Суғд низ бо ҷурми суиистифода аз мақом боздошт шудааст.

Бо ин ҳама, коршиносон мегӯянд, ҳанӯз кори Ожонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод чандон муассир нест ва мавориди ришватситонӣ аслан миёни мансабдорони баландпоя мушоҳада мешавад, аммо қудрати феълии ниҳоди мазкур ба боздошти онҳо ва собит кардани гуноҳашон намерасад. Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Иттиҳодияи сиёсатшиносони Тоҷикистон дар ин робита мегӯяд: «Дар Тоҷикистон аксаран кормандони соҳаҳои тандурустиву маорифро бо ҷурми ришватситонӣ боздошт мекунанд, аммо «наҳангҳои бузург», ки, албатта, дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва бонкҳо ҳастанд, ба фикри ман, иродаи қавии сиёсӣ намерасад ба ҳамин мақомоти қудратии мо, ки бо ин «наҳангҳои ҳақиқӣ» машғул шаванд. Фикр мекунам, ки мақомоти Ожонси зиддикоррупсионӣ бисёртар рӯихотир мебинанд, чунки ин мақомоти баландпоя ҳамкору ҳамвазни худашон ҳастанд. Боз як ҷанбаи хеле хатарнои дигарк барои Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки боиси густариши фасод ва заъфи кори мақомоти зиддикоррупсионӣ метавонад шавад. Ин ҳам маҳалгароист. Сохторҳои қудратии Тоҷикистонро аксаран намояндагони як минтақа раҳбарӣ мекунанд, онҳо ҳатто аз як ҳизб мебошанд ва барои ҳамин намехоҳанд, ки дар дохили худашон ихтилоф пайдо шавад».

Ожонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод то имрӯз таҳлилеро рӯи даст надорад, ки, масалан, дар кадом вазорату идораи давлатӣ мавориди ришватситонӣ бештар мушоҳада мешаванд. Ҳамзамон ин ниҳод гуфта наметавонад, ки феълан чи миқдор маблағ дар гардиши коррупсионӣ қарор дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, тибқи ахбори расмии ожонси мазкур, дар соли ҷорӣ бар асари ҷиноёти молӣ давлат 2 миллиону 670 ҳазор сомонӣ зарар дидааст, ҳарчанд камтар аз нисфи ин маблағ дубора ба давлат бозгардон шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG