Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи қазияи гаравгонони Ғазнӣ


Ахиран тақдири 22 корманди як муассисаи хайрияи мазҳабии Куриёи ҷанубӣ, ки ҳафтаи пеш аз ҷониби пайкорҷӯёни толиб дар Афғонистон рабуда шуда буданд, зеҳнҳоро банд кардааст.


Музокиракунандагони афғон ба хабарнигорон хабар доданд, ки феълан ихтилофот дар миёни одамрабоёни гурӯҳи «Толибон» масъалаи раҳоии 22 шаҳрванди Куриёи ҷанубиро ба вақти номаълум ба таъхир андохтааст.


Волии вилояти Ғазнӣ Меъроҷиддин Патан гуфтааст, ки одамрабоён зарбулаҷали худро дар ҳоли ҳозир тамдид кардаанд, зеро омодаи мулоқот бо музокиракунандагони давлат набудаанд.


Дар ҳамин ҳол, бино бар гуфтаи узви гурӯҳи давлатӣ Ҳоваҷа Муҳаммад Сиддиқӣ, толибон, ки ба се гурӯҳ тақсим шуда, талабҳои мухталифе доштаанд, барои рафъи ихтилофоти миёни худ ва тасмими ниҳоӣ дар мавриди пизишкони куриёӣ вақти бештар хостаанд.
XS
SM
MD
LG