Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби ду масҷиди панҷвақта дар Душанбе


MK

Як кумисиюни ҳукумати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар чаҳочӯбаи қарори ҳукумати Душанбе оид ба Нақшаи генералии сохтмони шаҳр ду масҷиди панҷвақтаи воқеъ дар маҳаллаи 102-и пойтахтро тахриб кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба ҷуз аз тахриби ду масҷид дар ин ноҳия дари чанд масҷиди дигар аз ҷониби кумиссюн қуфл зада шудааст.


Гуфта мешавад, дар ҳолеки дар ин масоҷид ҳамарӯза беш аз 100-нафарӣ намоз мегузориданд, ба қавли сокинони атрофи ин масоҷиди тахрибшуда, ин биноҳо барояшон бештар аз масҷид аҳамият доштаанд, чунки дар онҳо маросимҳои мотам, нондеҳӣ ва ғайра анҷом дода мешуданд.


Вале Алишер Олимов, намояндаи ҳукумати ноҳияи Сино дар умури дину мазҳаб, мегӯяд, ки ҳарчанд сокинони ин минтақа аз ин биноҳои худсохти ғайрирасмӣ масҷид ном мебаранд, биноҳои тахрибшуда аслан ҷойҳои ҷамъиятӣ будаанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар онҳо иҷозаи намозгузорӣ дода нашудааст. Ба қавли оқои Олимов, феълан дар ҳамин ноҳия расман 8 масҷиди ҷомеъ ва 11 масҷиди панҷвақта фаъол аст.

Ҳарчанд мақомоти расмӣ тахриби ин масоҷидро ҳамчун як амали одӣ шарҳ медиҳанд, аммо таҳлилгарони масоили дин бар чунин ақидаанд, ки ин амал идомаи ҳамон манъи ҳиҷобпушии донишҷӯдухтарон ва ҷилавгирӣ аз фурӯши наворҳои суханронии диндорон дар кишвар будааст.
XS
SM
MD
LG