Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон гузориши Созмони Милалро танқид намуд


Гурҷистон гузориши Дабири кулли СМ, Бан Ги Мунро дар бораи авзоъ дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхазия интиқод кард.


Ин гузориш аз Гурҷистон ва Абхазия даъват мекунад, ки даст ба аъмоли хасмонаи зидди ҳам назананд. Он ҳамчунин аз Тифлис мехоҳад, урдугоҳи наврасонро аз наздикии минтақаи низоъ кӯч диҳад.


Намояндаи расмии Тифлис гуфт, ин гузориш таваҷҷӯҳро аз набуди муколама дар бораи мақоми ҳуқуқии Абхазия ва зарурати бозгашти паноҳандагони гурҷӣ ба канор мекашад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG