Пайвандҳои дастрасӣ

Илтиҷои гаравгони кореягӣ баҳри озодӣ


Матбуоти ИМА ва Бритониё мегӯянд, мусоҳибаеро бо яке аз 22 гаравгони кореягӣ ба даст овардаанд, ки дар асорати толибони афғон ба сар мебарад.


CBS News мегӯяд, ин зан илтиҷо дорад, ки ба гаравгонон мадад расонда шавад.


Шабакаи БиБиСи низ гуфтааст, чунин мусоҳибаеро анҷом додааст.


Ҳукумати Афғонистон хабар дод, ки Толибон мӯҳлати гуфтушунидро дар бобати сарнавишти гаравгонҳо то зӯҳри имрӯз, 27 июл ба вақти Душанбе тамдид кардаанд.
XS
SM
MD
LG