Пайвандҳои дастрасӣ

Худдорӣ аз хусусисозии корхонаҳои бузурги Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, дар фикри хусусигардонии ширкат ва корхонаҳои бузурги кишвар нест.

Раиси кумитаи давлатии сармоягузориҳо ва идораи амволи давлат Шариф Раҳимзода мегӯяд, ширкатҳои алюминиуми "Талко", иттиҳодияи ҳавонавардии "Тоҷик Эйр" ва корхонаи воҳиди "Роҳи Оҳан" ҳанӯз ба хусусигардонӣ омода нестанд, зеро аввал бояд дар онҳо ислоҳоти сохторӣ ба амал ояд.

Ҷаноби Раҳимзода гуфт, нахуст чунин ширкатҳои бузург бояд ба қисматҳо ҷудо шаванд ва ин қисматҳо метавонанд ба фурӯш гузошта шаванд, вале дар он сурат низ сеяки онҳо бояд фурӯхта нашавад. Ба ин тартиб ширкати алюминиум ҳамчун таъминкунандаи даромади асосии арзи хориҷии Тоҷикистон ва "Тоҷик Эйр"-у "Роҳи Оҳан" алҳол ба ҳайси монополияҳои давлатӣ ва нимадавлатӣ боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG