Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танзими нархҳо?


Дар ҳамин мавзӯъ
Илова


Мақомоти давлат дуруст мегӯяд, ки ин кори онҳо нест (ва ё худ шармандагии худро иқрор шуданд, хайрият!). Чунки худи давлат арзи вуҷуд надорад ва то дараҷае заиф шудааст, ки дигар имкони ҳастии худро гум кардааст.

Охир, аз давлате, ки ба танзими расму оину вайронкунии масҷидҳову эзору рӯймолу куртапӯшии занҳо машғул бошад, аз он чиро нигарон хоҳӣ шуд? Давлати беномӯсу шарманда! Лаънат ба пешвоёнату ба ҳастиат ва вой бар ҳоли мардуми гӯлу гаранги бесоҳиби ин сарзамин.

Карими Парвин, ш.Душанбе.
--------------------------------------

Омад ба сарам он чи ки метарсидам.
Охир, ин худаш чи гап?! Дар Майдони баҳс акнун номаҳои одамонро ба хати англисӣ менависед, чаро? Чи, мо магар алифбои худро надорем? Илтимос, номаҳоро бо ҳамин хати тоҷикии худамон чоп кунед.

Сироҷиддин Амирҷонов аз ДДМТ.
--------------------------------------

Ба ҳамааш халқи беинсоф ва тоҷирони навбаромад гунаҳгор - дар бозорхои Душанбе
чи нархе аз даҳони фурушанда барояд, мемонанд - чизи 50 дирамаро 5 сомонӣ
мефурушанд. Куҷост инсоф?? Ҳама дар бозор миёнараву дузду қаллоб мешинанд - деҳкон
нест дар ягон бозор. Нархи помидор дар роҳи Душанбе - Ваҳдат 50 дирам, дар
Душанбе 1 сомонӣ - 2 баробар зиед. Куҷо нигоҳ мекунанд амалдорони мо??
_____________________

Salom thayagaroni va xonandagoni Saiti Radio Ozodi".

Vatqto ki mardymi i Madinai Munavara az Rasusuli Xydo Myhammad (c) talab kardand ki narx gyzori namoyad dar bozori Madina ki bozori ozod va shafofo farmydast: Baland baranda va poyon ovaranda narxho Xydovand hast, man namexoham Xydoro rybary shavam va dar kardanam Mazalamai Yo Haqi kasi dar gardani man boshad. Yane dar asl narx dyryst nest.
Ammo bisyor az fuqahoi Islom megyad ki agar bozori Ozod nabosha yane Manpolia boshad chyn bozorhoi Tojikiton boyad narx gyzori shavad. Va hykymati kishvar 1 Komisiya tashkil dihad va narxhoro va foida va masrafi savdogaronro biomuzand va 1 narxi odilona bigyzorad to ki ba yagon taraf zylm nashavad.
Bo Ihtirom
Mysofir
______________________



Баландравии нарху наво ва дигару дигар ҳамааш аз худи ҳукумат вобаста аст. Даҳ сол пеш аз ин нафаре чунин пешгӯӣ карда буд: Ҳоло рӯзе мешавад, ки халқи тоҷик нони хӯрдан намеёбад.
Дар кисааш як танга нест, лекин ЗИНДА БОД РАҲМОНОВ мегӯяд.

Тоҷик.
--------------------------------------

Assalom barodaron.
Tanzimi narx in kori davlat nest.. Furushanda metavonad chi narxe xohad furushad. Davlat tanho raqobati odilonaro tashvik kardanba hak dorad. Tanzimi narx tanzimi maraka inho ba misli safsatahoi dekreti zamini komuniston ast.
Davlat kambizoatonro kumak mekunad, safi korchalonhoro ziyod va sistema xud ba muvozinat meoyad.. Bo tanzim shumo bozorhoi pinhoni(cherni rinok)ro ziyod mekunedu xalos.
Barodaron nolidanro yak taraf moned korchaloni kuned. Odamon az xorija omada dar mo sarvati ziyod jam mekunad, tojiki beakli man tankid az zindagiyu norasoi mekunad.
Man davlatro tanho dar vakti ba nobolighon, bemoron, pironsolon va digar shxosoni beparastoru kambizoat gunahgor donista metavonam.
Digar hama az jaholatu tanbalivu beharakatii most.
Be azmi DURUSTU sayi KOMIL
Kasro nashavad Murod HOSIL
Voris
____________________________________


Salom hamvatanoni aziz
sababi narx bolo raftan in ast ki mo hamai chizro az khorij mebiyorem yane ki xudamon istehsol namekunem yak du chize ki istehsol mekunem hamunam bisyor chizosha az khorij mebiyoran man injo guftaniyam ki vaqto ki mahsulot az berun omad dar vai mablag sarf meshavad boloi hamash gumrug niz narxash bolo raftagi inhoro ba nazar giriftan dar kor vaqtoki mardum ba hukumat shikoyat mekunand ki narx bolo raftast onho meguyand ki dar dasti mo nest baroi ki gumruk narxash bolo nalog bolo va gaira.. inho nazdi tojiron zabon kutohand tojiron injo aib nadorand ba fikram baroi ki har tojir mexohad nim tangaham boshad arzon kunad ki borash teztar ba savdo ravad va bori nav biyorad
bo ehtirom donishju
__________________________


Макомоти давлатӣ ин кори мо нест гуфтан гиранд, фардо корд ба устухони мардум мерасад, ки оқибати хуб надорад.
Чаро ин кори мақомот набудааст?!

Салоҳ, ш. Душанбе.
--------------------------------------

Дуруд, аҳли башар!

Қимати нарху наворо ба фалакҳо бурдааст,
Ман, ки арзонии бозори туро мехоҳам.
Камии бензину равған ҳамаро хар карда,
Камазу Зилу трактори туро мехоҳам!!

Аслан дар Точикистон болову поён рафтани нарху наво ба касе ахамияте надорад. Мардум як шикояти руякие мекунаду ба хамин тамом. Дар мо он инкилобхо (манзурам талошу кушишҳо) нест ва кам касеро метавон пайдо кард ки ба ин кор даст занад. Он шахсоне ки кормандони макомоти "болои"-янд аз ин гаронихо хеч гилае надоранд ва хеч шиквае хам намекунанд, чаро ки эшон сохиби он "сабзак"-хоянд.
Ба андешаи банда, танзиму назорати нарххо аз тарафи Хукумат хело зарур аст.Чаро ин хамон давлат аст ки моро бо махсулоти хуроквори таьмин менамояд.
Ба Шумо Рустам, халки точикро "беинсоф" нагуед. Халк-яьне худи Шумо ва ман. Ин иштибохи мо нест!!!!!!!!!
Фирдавс, ИМА
___________________


Мo мехоҳем, ки дар Тоҷикистон адлу инсофро риоя кунанд. Ҳам давлат ва ҳам миллат инсоф кунанд.
Неъматуллоҳ ва Усмон
____________________


Ба ҳамааш халқи беинсоф ва тоҷирони навбаромад гунаҳгор - дар бозорҳои Душанбе чи нархе аз даҳони фурӯшанда барояд, мемонанд - чизи 50-дирамаро 5 сомонӣ мефурӯшанд.

Куҷо инсоф?? Ҳама дар бозор миёнараву дузду қаллоб мешинанд - деҳқон нест дар ягон бозор. Нархи помидор дар роҳи Душанбе - Ваҳдат 50 дирам бошад, дар Душанбе - 1 сомонӣ (2 баробар зиёд!).

Ба куҷо нигоҳ мекунанд амалдорони мо??

Рустам.
--------------------------------------

Симин, мехостам бигӯям, ки дархости шумо оид ба даъвати иқтисоддонҳо ва коршиносон дар баҳси мавзӯъ, аз назари ман, бепоя ва бемантиқ аст.

Зеро коршиносон, бахусус соҳаи иқтисод бояд дар талоши кор ва ё амал бошанд, ки сабабгори ҳамагуна пешрафти кишвар аст, на баҳс ва ё мунозира.

Ва назари оқои Сафдар хело хуб ва дуруст аст. Иншоаллоҳ, замоне мерасад ва халқи ҷабрдида аммо бузурги Тоҷик бо нафаси озод боз ба «қуллаҳои» Оли Сомон мерасад!!!

Кова.
--------------------------------------

Ба назари ман, вақти он расидааст, ки ҳукумат ё сиёсати иҷтимоиву иқтисодиашро бознигарӣ кунад, ё кобинаи вазиронро пурра иваз созад, дар акси хол, бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд.... сарозер ба сӯи ҷангали НЕСТӢ меравем! Худоё, оқибаташро ба хайр кун!

Тоҷики кӯҳистонӣ.
--------------------------------------

Дуруд ба шумо.

Ин баландравии нарх шаҳодати он аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо буҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳанӯз боқӣ мондааст.

Э. Раҳмонов боиси ҳамаи ин душворӣ ҳаст. Ҳамаи иқтисоддонҳои беҳтарин маҷбур шуданд, ки аз Тоҷикистон раванд, зеро ҳамаи бизнеси Тоҷикистон дар таҳти контроли хешу табори ҷаноби олӣ мебошад.

Ва дар навбати дигар дар ҳукумат бисёр одамҳои тассодуфӣ кор мекунанд. Худатон хулоса бароред, ки оянда чи мешавад.

Даврони Бепрезидент.
--------------------------------------

Дуруд бар шумо!

Чаро иқтисоддонҳо ва коршиносон ин ҷо баҳс намекунанд? Танҳо таъназанҳо, охир ин ҳарфҳоро дар куча ҳам мешунавӣ, боз ин ҷаноби Сафдар яке аз ҳамин дар хоби гаронбудаҳо сарашро даруни гиребонаш пинҳон карда, насиҳат мехонад. Маълум аст, ки аз сокинони ҳамин кишвар ҳастӣ, пас чаро худат ҳарф намезанӣ, бовар кунед, агар як нафар ҳарф зад дуввумӣ ҳам пайдо мешавад...

Симин
--------------------------------------

Дуруст аст. Дар Русия тоҷикон бо пасти дучоранд ва пулу молашонро ба ватан мефиристанд ва дар он ҷо ин ҳама амалдорон чи саҳна сохтаанд, то кай ин ҳама азобу қаҳтӣ? Чаро Эмомалӣ ба ҷони мо қасам мехураду дар кишвар ин ҳама бесарусомонӣ аст? Чаро нарх боло меравад кӣ чавоб бояд диҳад?

Сомона
--------------------------------------

Вазъи имрӯзи тоҷикон то андозае "гуворост" , ки ин рубоии бузургвор Умари Хайём гӯяндаи ҳолашон аст:

Ё раб, бикушой бар ман аз ризқ даре,
Бе миннати ин хасон расон моҳазаре.
Аз бода чунон маст нигаҳ дор маро,
К-аз бехабарӣ набошадам дарди саре.

Кова.
--------------------------------------

Шумо гадо будед, халқро ҳам гадо кардед.

Муҳаммадиқбол.
--------------------------------------

Салом, дӯстони азиз!

Шумо мегӯед, ки нархҳо боло рафтаанд. Вале нигоҳ кунед, ҳоло баъди як-ду рӯз дар радио ва ТВ Тоҷикистон худи ҳамин мардуми камбизоати мо бо роҳбарии муллоҳо ва раисони ҷамоатҳо ва фаъолзанону ҷавонони галстукдори дар асл ғуломтабиат баромад мекунанду бо кафки даҳон мегӯянд, ки ҳамаш хуб аст, ҳамааш дуруст аст, бояд ҳамин хел бошад ва шукри истиқлолу шукри ҳамин ватану тинҷиву амонӣ, шукри президенти кишвар ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки дар фикри халқ аст, дар фикри ояндаи мо аст ва ғайра.

Шумо чи мехоҳед, муҳтарам кормандони Радиои Озодӣ? Ин халқ дар фикри худаш нест, дар фикри ҳифзи ҳуқуқҳояш нест ва набуду нахоҳад буд! Барои инҳо дар ТВ фақат рақсу суруд ва МАН ОРИЁИЯМ бошад, шуд, кифоя. Ҳама хобу хаёлро, дидани хобҳои рангинро дӯст медоранд ва намехоҳанд, ки аз хоби гарон хезанд.

Пас монед онҳо тинҷу ором бихобанд.

Сафдар.
-----------------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG