Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Ашқобод - бо ваъдаи 1 миллиард киловат/соат нерӯи барқ


nn

Ахиран ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби тавофуқнома ҷиҳати харидории як миллиард киловатт соат нерӯи барқи Туркманистон аз Ашхобод ба Душанбе баргашт.


Шарифхон Самиев, раиси ширкати ҳолдингии «Барқи Тоҷик», натоиҷи ин сафарро мусбат арзёбӣ карда, гуфтааст, ки қарор аст ин миқдор нерӯи барқ шурӯъ аз моҳи октябри имсол то апрели соли 2008 ба Тоҷикистон интиқол ёбад. Вале, ба гуфтаи ӯ, ин барқ на барои таъмини аҳолии кишвар дар мавсими сармо, балки барои роҳандозии кори ширкати алюминиуми Тоҷикистон, мавсум ба «Талко», равона хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати мазкур бояд ҳамасола дар фасли зимистон аз хориҷи кишвар 2 миллиард киловат/соат нерӯи барқ харидорӣ кунад, то фаъолияташ қатъ нагардад


Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, чун Тоҷикистон, ки дар фаслҳои зимистону баҳор қодир ба таъмини хеш бо нерӯи барқ нест, маҷбур аст аз Узбакистону Қирғизистон қувваи барқ бихарад.


Ҳамзамон қарор аст аз Узбакистон низ имсол 600 миллион киловат/соат нерӯи барқ харидорӣ шавад. ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта Тоҷикистон аз Узбакистон 900 миллион киловат/соат ва аз Қирғизистон 300 миллион киловат/соат нерӯи барқ харида буд. Ва аммо, ба гуфтаи оқои Самиев, бо ин ҳама дар мавсими сармои навбатӣ низ камбуди барқ дар назар аст ва ба ҷуз шаҳри Душанбе дар тамоми манотиқи Тоҷикистон нерӯи барқ чанд соат дар як шабонарӯз тибқи реҷа интиқол ёбад.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе.
XS
SM
MD
LG