Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урдун ҷиҳати пазироии ироқиҳо ёрӣ мехоҳад


nn

Мухаймар Абуҷамус, вазири умури дохилаи Урдун, имрӯз аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, то ҷиҳати пазироии даҳҳо ҳазор паноҳандагони ироқӣ ба ин кишвар кумаки моддӣ кунанд.


Вазири урдунӣ имрӯз дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Уммон, пойтахти Урдун, изҳор кард, ки Урдун барои пазироии наздики 750 ҳазор паноҳандагони ироқӣ солона 1 миллиард доллар сарф мекунад ва ҳузури паноҳандагон ба давлати Урдун ҳамчунин нигарониҳои амниятиро низ ба бор овардааст.


Дар ҳамин ҳол, ба ҳисоби тахминии Созмони Милали Муттаҳид ҳар моҳ тақрибан 50 ҳазор ироқӣ аз ватани худ мегурезад ва асосан ба Урдун ва Сурия ҳиҷрат мекунанд.
XS
SM
MD
LG