Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои мушовирони Эмомалӣ Раҳмон


Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон бо як фармонаш мушовири давлатии худ оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Кароматулло Олимовро бино бар ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод намуда, бо фармони дигари худ Саймурод Фаттоевро ба ин вазифа таъйин кард.


Саймурод Фаттоев, то ин дам дар вазифаи мудири Котиботи сардори давлат кор мекард. Дар ин вазифа бар асоси амри президенти кишвар ӯро акнун Анвар Асадов, ки қаблан ҳамчун ходими президент ифои вазифа мекард, иваз намуд.


Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як амри худ Шарофиддин Имомовро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ озод карда буд.
XS
SM
MD
LG