Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон $886 миллион қарзи хориҷӣ дорад


Дар 6 моҳи аввали соли равон маҷмӯъи маблағҳои ба лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон гузошташуда 187,5 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин бора дар як мулоқот бо хабарнигорон вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмуддинов хабар дод.


Аз ин миқдор, ба гуфтаи ӯ, 103,8 миллион сомониро - қарзҳо, 36,9 миллион сомониро бурсҳо 46,6 миллион сомониро маблағҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Вазир ҳамчунин гуфт: «Феълан аз ин маблағ 24,5 миллион сомонӣ - ба соҳаи маориф, 6 миллион сомонӣ - ба соҳаи тандурустӣ равона гардида, 2,3 миллион сомонӣ - барои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ, 39,2 миллион сомонӣ - барои нақлиёт ва 46 миллион сомонӣ - ба соҳаи кишоварзӣ, 7,5 миллион сомонӣ - барои хоҷагии манзилӣ-коммуналии кишвар ихтисос дода шуданд».


Ба гуфтаи вазири молияи кишвар, то 1-уми июл қарзи берунаи Тоҷикистон $886 000-ро, ки ба 28,24%-и ММД баробар аст, ташкил дод.


Дар ҳамин ҳол, қарзҳои беруна дар 6 моҳи аввали сол ба миқдори 20,48 миллион доллар зиёд шудааст, ки ба азхудкунии маблағҳои ҷалбшуда бастагӣ дорад.


Дар робита ба ин суол, ки сарчашмаҳои маблағгузории сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун кадомҳоанд, оқои Наҷмуддинов ишора кард, ки ин маблағҳо метавонанд аз ҳисоби ҷалби сармояҳои дохилӣ, будҷа, соҳибкорон, корхонаҳои бузурги истифодакунандагони нерӯи барқ, ҳамчунин кишварҳое, ки хоҳиши дар ин сохтмон ширкат карданро намудаанд, ба даст оянд.


«Ба сифати ҳамоҳангсоз Бонки ҷаҳонӣ амал хоҳад кард» - дар охир таъкид кард вазири молияи Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG