Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли аввалин гаравгони кореягӣ


Қорӣ Муҳаммади Юсуфаҳмадӣ афзуд, ҳукумати Афғонистон аз талаби Толибон, раҳоии ҳашт толиби маҳбус сарпечӣ кард ва сабабгори қатли ин гаравгон гардид. Вай инчунин таҳдид кард, ки агар рӯзи панҷшанбе низ талаби раҳоии маҳбусон иҷро нашавад, толибҳо теъдоди бештаре аз гаравгонҳоро хоҳанд кушт.

Раиси дастаи музокиракунандаи ҳукумати Афғонистон, Ваҳидуллоҳ Муҷаддадӣ дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс-Пресс ҳалокати шаҳрванди Кореяи Ҷанубиро тасдиқ кард. Аммо, дар Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ, хабаргузории Ёнҳап ба нақл аз манбаъи номбарнашудаи ҳукумати Корея иттилоъ дод, ки гӯё ҳашт гаравгон озод шудаанд. Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ин хабарро тасдиқ накард. Ва мақомоти маҳаллии Афғонистон низ ин иттилоро рад карданд. Ёрдамчии волии Ғазнӣ, Зиё Валӣ дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, талошҳои раҳоии рабудашудагон идома доранд.

Як соат баъд аз ин гуфтугӯ мақомоти афғон хабар доданд, ки ҷасади шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ бо даҳ захми тир пайдо шудааст. Зиё Валӣ мегӯяд, гуфтушунид бо Толибон сахт аст, зеро онҳо муттаҳид нестанд ва талабҳои гуногун ба миён мегузоранд. Бархе аз онҳо озодии толибони маҳбусро мехоҳанд ва бархи дигар пул металабад.

Гаравгонҳо, ки ҳафтаи гузашта дар Ғазнӣ рабуда шуданд, аз 18 зан ва 5 мард иборатанд. Онҳо замоне ба асорат афтоданд, ки аз кори довталабона дар шифохонаи Қандаҳор ба Кобул бармегаштанд. Дар ин байн ҷасади як олмонӣ, ки бо як ҳамватани дигари худ низ дар асорати толибҳо буд, ба Олмон интиқол дода шуд ва ҳамватани ӯ бо тарҷумону ронандааш озод шудааст. Ҳамчунин як журналисти афғонтабори даниягӣ дар вилояти Кунар бо мадади аҳолии маҳаллӣ аз асорати Толибон фирор кардааст.
XS
SM
MD
LG