Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раисҷумҳури Туркманистон бо вазири энержии Тоҷикистон


cf

Вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, Шералӣ Гулов бо раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Ишқобод мулоқот кард.


Ҳадафи сафари ҳайъати Тоҷикистон ба Туркманистон густариши робитаҳои иқтисодии ду кишвар унвон шудааст.


Хабаргузории давлатии Туркманистон мегӯяд, гуфтушунид асосан ба масъалаи интиқоли маводи энержӣ аз Туркманистон ба Тоҷикистон бахшида шуд. Гуфта мешавад, сафари намояндагони Тоҷикистон ба ин кишвар муваффақ будааст.


Тарафҳо дар бораи судури нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон, ифтитоҳи парвозҳои миёни Ишқобод ва Душанбе, бунёди осоишгоҳи Тоҷикистон дар соҳили Баҳри Каспӣ ва ҳамкориҳои дигар ба созиш расидаанд ва эҳтимол фиристодаҳои Тоҷикистон баъд аз бозгашт гузориши муфассал диҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG