Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши лӯлаи газ дар Санкт Петербург


Ба иттилоъи хабаргузориҳо, лӯлаи асосии гази Русия дар канораи шаҳри Санкт Петербург мунфаҷир шуда, оташ гирифтааст.


Аз талафоти ҷонӣ хабаре нарасидааст. Вале таркиш биноҳои шаҳрро дар фосилаи панҷ километр такон додааст.


Мақомоти расмӣ сабаби таркишро шарҳ надодаанд ва маълум нест, ҳоло газ аз ин лула интиқол меёбад ё на.
XS
SM
MD
LG