Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Булғористон қарзи Либияро бахшид


Ҳукумати Булғористон эълом дошт, ки 54 миллион доллар қарзи ҳанӯз аз замонҳои коммунистӣ боқӣ мондаи Либияро лағв мекунад. Сергей Станишев, сарвазири Булғористон изҳор дошт, ки ба ин васила кишвараш дар кӯмак ба кӯдакони мубталои маризии СПИД дар Либия саҳм мегирад.


Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки лағви қарзро набояд чун эътирофи гуноҳ ва ё чун пардохти маблағ барои раҳоии табибони булғорӣ арзёбӣ кард.


Панҷ ҳамшираи шафқат ва як табиби фаластинӣ, ки шаҳрвандии Булғористонро пазируфтааст, бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо ахиран ба София баргаштанд.


Додгоҳи Либия онҳоро бо иттиҳоми барқасдона ба маризии СПИД мубтало кардани кудакон ба марг маҳкум кард ва аммо Шӯрои адлияи Либия ин ҳукмро ба ҳабси абад иваз намуд. Пас аз истирдоди онҳо ба ватан, раисҷумҳури Булғористон дар бораи афви табибон фармон содир кард.
XS
SM
MD
LG