Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Федерика Прина: "Дар Тоҷикистон озодии сухан ба иродаи сиёсӣ вобаста аст"


Созмони ғайридавлатии "Артикл-19" мегӯяд, ки қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои муқарраркардаи давлат монеъи рушди озодии сухан дар кишвар шудаанд ва намегузоранд, ки хабарнигорон озоду ошкор ҳарф зананд.

Федерика Прина, коршиноси ин созмон, мегӯяд, маҳз набудани ошкоргӯӣ ва иттилооту назарҳои мухталиф дар матбуоти Тоҷикистон мояи аслии нигаронии онҳо гардидааст: "Мояи бузургтарини нигаронӣ дар робита ба матбуоти Тоҷикистон ин аст, ки дар он иттилооти мухталифу гуногунадешӣ бисёр кам мебошад. Ва аксари расонаҳои ин кишвар аслан гуфтаҳои ҳукуматро инъикос мекунанд. Бисёр муҳим аст, то ҳар кишваре барои мувофиқат бо қонунҳои байнулмилалӣ ва ҳамчунин усулҳои демукротик матбуоти гуногунандеш дошта бошад, вале дар Тоҷикистон, ба андешаи ман, ин чиз мушоҳида намешавад".

Хонум Прина афзуд, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон бо истифода аз чанд усули худ ба фаъолияти ҳаррӯзаи расонаҳои чопӣ ва электронӣ мудохила мекунанд. Аз ҷумла, онҳо барои фишор ва зери назорат нигоҳ доштани рӯзномаҳо чопхонаҳои давлатиро истифода мабаранд ва барои матбуоти мустақил дар гирифтани муҷаввизи фаъолият мушкил эҷод мекунанд.

Ин коршинос иқдоми давлати Тоҷикистонро, ки як рӯз пеш нашри маълумоти туҳмату таҳқиромез ва инчунин калимаву ифодаҳои пастзанандаи шаъни инсон дар Интернетро ҷиноят шумурд, танқид кард ва гуфт, дар роҳи озодии сухан дар Тоҷикистон ин як қадаме ба қафо аст. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин кори иҷборӣ ҷарима ва то ду соли зиндон ҷазо муқаррар кардааст.

Созмони "Артикл-19" таъкид мекунад, агарчи Қонуни асосии Тоҷикистон озодии суханро кафолат додааст, аммо аксари хабарнигорони тоҷик аз тарси аз сӯи мақомоти давлатӣ таъқиб шудан тан ба худсонсурӣ додаанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи Федерика Прина, маошҳои ночиз ва шароити бади иқтисодиашон сабаб шудааст, ки хабарнигорони тоҷик барои мақолаҳои хеш пул мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, ин созмон ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додааст, то ислоҳоти зиёди демократӣ гуногунандешии сиёсӣ, дастрасӣ ба иттилоот ва озодандеширо тазмин диҳанд.

Аз ҷумла "Артикл-19" мегӯяд, бояд қонуни телевизион ва радиои Тоҷикистон ислоҳ ва муқаррароти сабти номи нашрияҳо аз байн бурда шавад, ҳамчунин телевизиони давлатии Тоҷикистон ба телевизони ҷамъиятӣ табдил ёбад, то битавонад на танҳо ахбори расмии давлат, балки иттилооти гуногунро низ пешкаши хонандагонаш кунад.

"Артикл-19" аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки аз фишор ба матбуот даст бардорад ва ҳар гуна мавриди таҳдиду ҳамлаҳо ба хабарнигоронро пурра таҳқиқ карда, ҷинояткоронро ба ҷавобгарӣ бикашад.

Вақте аз хонум Прина пурсидем, ки оё бовар дорад давлати Тоҷикистон ин хоставу тавсияҳои онҳоро ба инобат мегирад, гуфт: "Мо интизор надорем, ки ҳамаи тавсияҳои мо амалӣ мешаванд ва умедворем, ки баъзе аз тавсияҳоро ба баррасӣ мегиранд ва, агар давлат ин тавсияҳоро ба инобат бигирад, мо омодаем бо мутахассисони қонундони худ ба ҳукумати Тоҷикистон дар иҷрои онҳо ёрӣ расонем. Аммо барои беҳбуд бахшидан ба вазъият хоҳиш ва, муҳимтар аз ҳама, иродаи сиёсӣ лозим аст, вале ман шубҳа дорам, ки ҳоло дар Тоҷикистон чунин ирода бошад".

Дар фарҷоми суҳбат хонум Федерика Прина таъкид кард, ки, агар вазъият ҳамингуна идома кунад, бадеҳист, мардуми Тоҷикистон иттилоъоти лозимӣ барои ҷомеаро дастрас нахоҳад кард ва аз назару андешаҳои гуногун, ки барои рушди ҳар ҷомеа зарур аст, маҳрум хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG