Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумаки сафорати ИМА ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон


МХ

Дар Душанбе маросими ифтитоҳи Идораи коршиносӣ-криминалистии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва синфхонаҳои академияи он баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ҷиҳати роҳандозии ин лоиҳаҳо сафорати ИМА дар маҷмӯъ 1 400 000 доллари амрикоӣ ихтисос додааст. Сафорат ҳамчунин дар назар гирифтааст, ки дар ояндаи наздик ба ҷониби Тоҷикистон кумакҳои иловагии бештареро дар ин росто ироа кунад.


Шуъбаи назорати маводи мухаддир ва нигаҳдории тартиботи сафорати ИМА аз оғози соли 2005 ба ин ҷониб ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ёрӣ мерасонад. Барномаҳои он ба тармиму таҷдиди академияи вазорт, Идораи криминали-тадқикотӣ ва Маркази таҳлилӣ, дастгирии Шуъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил ва қочоқи маводи мухаддир, Шуъбаи мубориза алайҳи одамрабоӣ равона шудаанд. Инчунин синфхонаҳои компютерӣ, лингафонӣ ва таълимӣ дар шуъбаҳои гуногун ташкил дода шуда, ба шуъбаҳои тафтишотии ВКД ҶТ таҷҳизотҳои махсуси техникӣ тақдим шудааст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳазинаи кумакҳои сафорати ИМА ба сохторҳои мухталифи ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон аз соли 2005 ба ин сӯ беш аз 15 млн долларро ташкил медиҳад
XS
SM
MD
LG