Пайвандҳои дастрасӣ

Сербия Амрикову Аврупоро ҳушдор дод


Порлумони Сербия ба ИМА ва Иттиҳоди Аврупо зидди эътирофи истиқлолияти Косово бидуни ризоияти СММ ҳушдор дод.


Қонунгузорони серб қатъномаеро ба тасвиб расонданд, ки тибқи он Сербия ба ҳар кишваре, ки мумкин аст, вилояти асосан албанинишини Косоворо ба расмият бишносад, посухи нирӯманд ваъда мекунад.


Тасвиби санад баъди он сурат гирифт, ки ИМА ва Иттиҳоди Аврупо тарҳи пешниҳодии ояндаи Косоворо аз Шӯрои амният бозпас хонданд.


Русия гуфт, ин тарҳ як роҳи пӯшидае ба сӯи истиқлолият аст.
XS
SM
MD
LG