Пайвандҳои дастрасӣ

Чи зимистоне Тоҷикистонро дар пеш аст?


Вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати бомуваффақ анҷом ёфтани музокирот бо ҷонибҳои Туркманистон ва Узбакистон, Тоҷикистон дар фасли сармои оянда аз Туркманистон ҳудуди 1,5 млрд киловатт/соат барқ харидорӣ хоҳад кард.


Пулод Муҳиддинов, муовини аввали вазири энержии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳадафи аслии музокироти Ашқободу Душанбе, масъалаи пайванд кардани хатти интиқоли барқи Туркманистон ба ҳалқаи хатти энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи оқои Муҳиддинов, Қиризистон, ки зимистони гузашта ба Тоҷикистон 300 млн киловатт/соат барқ фурӯхта буд, ахиран дар як барқияи худ ба вазорати энержии Тоҷикистон хабар додааст, тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ имкони ба Тоҷикистон содир кардани нерӯи барқро надорад.


Пулод Муҳиддинов ҳамчунин гуфт, ки дар ҳоли ҳанӯз равшан набудани масъалаи убури барқи Турманистон аз тариқи Узбакистон садгузориҳои Узбакистон дар мавриди анҷоми тарҳҳои энержӣ дар Тоҷикистон эҳсос мешавад: «Моҳи январи соли ҷорӣ мо дар Чин будем ва дар мавриди бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон аҳд намудем. Аммо феълан чиноиҳо намехоҳанд ин нерӯгоҳҳоро бунёд кунанд. Чаро? Ба он хотир, ки дар ин маврид пайи пои ҳамсоякишварамон Узбакистон эҳсос мешавад, ки намехоҳанд, то Чин барои мо дар ин рӯдхона нерӯгоҳҳои барқи обӣ бунёд кунад. Шумо бояд дарк кунед, ки мо чунин ҳамсоя дорем ва он ба мо фишор меорад».


Гуфта мешавад, Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тақрибан 8 млрд киловат/соат барқ тавлид кардааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 64 млн киловатт/соат бештар аст. Дар ҳамин ҳол, аз ин миқдор кишвар то имрӯз 400 млн киловатт/соат нерӯи барқро ба хориҷ, ба Афғонистон, содир кардааст.


Дар поёни суҳбат Пулод Муҳиддинов иброз намуд, ки дар сурати дар моҳи декабри соли ҷорӣ ба истифода дода шудани агрегати аввалини нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» иқтидори тавлидотии Тоҷикистон дар як моҳ ба 4 млн киловат/соат ва дар сол тақрибан ба 50 млн киловатт/соат хоҳад расид.


Барот Юсуфӣ, Душанбе.
XS
SM
MD
LG