Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналист дар зиндон даҳонашро дӯхтааст


Журналисти маҳбуси Озарбойҷон Фаромарз Aллоҳвердиев ба нишони эътироз даҳони худро дӯхта, ба гуруснашинӣ шурӯъ кардааст.


Амин Ҳусейнов, мудири Пажӯҳишгоҳи Озодӣ ва амнияти хабарнигорон гуфт, Оллоҳвердиев гуруснашиниро ҳафтаи гузашта сар кард ва маҳбусони дигар хабар додаанд, ки ӯ даҳони худро дӯхтааст.


Сухангӯи Вазорати адлияи Озарбойҷон хабари гуруснашинииро тасдиқ кард, вале гуфт, дар бораи дӯхта шудани даҳони Оллоҳвердиев иттилоъ надорад.


Оллоҳвердиев дар моҳи январи имсол бо иттиҳоми тӯҳмат ба вазири умури дохилӣ маҳкум ба ду соли зиндон шуд, вале созмонҳои ҳуқуқи башар ин ҳукмро мавриди шубҳа ва интиқод қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG