Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти охирин шоҳи Афғонистон


Бар тибқи хабарҳои расида, субҳизуди имрӯз Муҳаммади Зоҳиршоҳ, шоҳи ахири Афғонистон, дар синни 94-солагӣ дар шаҳри Кобул зиндагиро падрӯд гуфт.


Муҳаммади Зоҳиршоҳ, ки дар давоми беш аз 40 сол - аз соли 1933 то соли 1973 - шоҳи кишвар буд, баъди як сафараш ба Итолиё дар пайи як кудато аз тарафи Муҳаммади Довудхон аз тахт барканор шуда буд.


Баъди суқути толибон Муҳаммад Зоҳиршоҳи пир ба Афғонистон бармегардад ва бидуни даъвои ҳокимият солҳои ахири умрашро дар Кобул мегузаронад.


Рӯзномаҳои Афғонистон иттилоъ медиҳанд, ки шоҳи охирини кишвар ду соли вопасини худро дар бистари бемории вазнин гузаронидааст.
XS
SM
MD
LG