Пайвандҳои дастрасӣ

Куштор ва дуздӣ дар Конибодом фош гардид


Чунонки имрӯз додситони шаҳри Конибодом Муталлиб Сангинов иттилоъ дод, ҳодисаи ахири куштори посбони шуъбаи конибодомии «Амонатбонк» Абдурауф Собиров ва ба яғмо бурда шудани 56 164 сомонӣ аз бонк дар камтар аз ду ҳафта фош гардид.


Ба гуфтаи додситон, ду нафар гумонбар дар ин ҳодиса баъди боздошт шуданашон ба аъмоли ғайриқонунии худ иқрор шуда, маблағи ғоратнамудаашонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргардониданд.


Гуфта мешавад, ин ду нафар аҳли як қишлоқ буда, яке корманди ҳамин бахши бонк буда ва дигарӣ ҳам қаблан барои як ҷинояташ дар Русия зиндонӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG