Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 7 тан дар як сониҳаи автомобилӣ


Дирӯз дар пайи як сониҳаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Қурғонтеппа 7 нафар кушта шуда, 4 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони наздиктарин интиқол гардиданд.


Чунон ки котиби матбуотии Мудирияти Бозрасии автомобилии давлатии Тоҷикистон (МБАД) Ҳабибулло Мунавваров иттило дод, дар натиҷаи ба ҳам бархурдани ду мошини сабукрави «Нексия» ва «Опел-Астра» дар ин шоҳроҳ 7 кас, ба шумули ронандаи мошини «Опел-Астра» Восеъ Назаров ва ду нафар мусофири мошини ӯ, инчунин 4 нафар мусофирони мошини дигар, дар ҷои ҳодиса ҷон доданд.


Гуфта мешавад, гунаҳгори ин сониҳа Нурулло Холов, ронандаи мошини «Нексия, ва 2 нафари дигар дар ҳолати ниҳоят вазнин ба касалхонаи ноҳияи Хуросон интиқол шуданд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки, мабнӣ бар иттилои МБАД, дар давоми ҳафтаи гузашта дар кишвар 32 ҳодисаи садамаи автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 16 нафар кушта шуданд ва 36 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG