Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муддаъиёни Ҷоми "Шоҳона"


Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федеросиюни бокси Тоҷикистон дар бастагӣ ба ин мусобиқа ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар рақобатҳо ҳудуди 150 варзишгар дар ҳайати 8 даста аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доранд. Ин мусобиқа барои аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як давраи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки моҳи октябр дар шаҳри Чикагои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, маҳсуб меёбад.»

Вале ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадрасулов, дар ин мусобиқа, мутаассифона, зӯртарин муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, қаҳрамони Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар, ки қабл аз оғози Ҷоми «Шоҳона» дар як садамаи нақлиётӣ ҷароҳати сахт бардоштааст, ширкат намеварзад. Вай феълан дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд машғули табобат аст.

Сабқати ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми «Шоҳона» рӯзи 26-уми июл баргузор мешавад.


ФУТБОЛ. Чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ - Ҷопон, Ироқ, Куриёи Ҷанубӣ ва Арабистони Саъудӣ ба бозиҳои ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2007 роҳ ёфтанд.

Ҷопон дар бозии чаҳоряниҳоӣ дар шаҳри Ҳанойи Вйетнам бо Австралиё рақобат кард. Замони асосӣ ва изофӣ бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пенолти ё зарбаҳои 11-метра Ҷопон бо натиҷаи 4 бар 3 пирӯз шуд. Дар бозии дигари чаҳорякниҳоӣ дар шаҳри Бангкоки Тайланд Ироқ бар Вйетнам бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард. Куриёи Ҷанубӣ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзиё Эронро аз рӯи пенолти бо натиҷаи 4 бар 2 шикаст дод. Дар ин дидор замони асосӣ ва изофӣ бидуни гол ба анҷом расид. Ва, ниҳоят, дар бозии охирини чаҳорякниҳоӣ шоми якшанбеи 22-уми июл дар шаҳри Ҷакартаи Индонезиё Арабистони Саъудӣ Узбакистонро бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб сохт.

Бад-ин тартиб дар бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи 25-уми июл дар варзишгоҳи миллии шаҳри Куала-Лумпури Малайзиё дастаҳои мунтахаби Ироқ ва Куриёи Ҷанубӣ ва дар варзишгоҳи миллии шаҳри Ҳанойи Вйетнам тимҳои миллии Ҷопон ва Арабистони Саъудӣ рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG