Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи орд дар Тоҷикистон боло рафт


фб

Дар бозорҳои Тоҷикистон нархи орд ба якборагӣ боло рафта, як халтаи орди 50 - килоӣ акнун ба 75 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта як халта орд аз 58 то 63 сомонӣ буд.




Фурӯшандаҳо мегӯянд, орд ба Тоҷикистон асосан аз гандуми Қазоқистон таҳия мешавад ва азбаски ҳоло дарави ғаллаи нав дар ин кишвар шурӯъ нашудаасту нархи бензин боло рафт, онҳо маҷбур шуданд нархи ордро тағйир диҳанд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, ҳангоми овардани ғалла аз Қазоқистон дар роҳ полис ва дар гузаргоҳҳои марзӣ кормандони гумруку молиёт аз онҳо ҳаққи худро меситонанд, аз ин рӯ, барои дарёфти даромад ин хароҷот ба нарх илова мегардад.






Афзоиши нархи орд, ба гуфтаи фурӯшандаҳо, эътирози баъзе аз сокинони шаҳри Душанберо ба вуҷуд овардааст. Онҳо мегӯяд, бо чунин қиммат тавони онҳо танҳо ба харидории чанд кило орд дар моҳ мерасаду бас. Тоҷикистон бо вуҷуди талошҳо натавонистааст, ба сатҳе расад, ки ниёзи худро ба ғалла худ қонеъ гардонад.
Фирӯзи Барот, Душанбе
XS
SM
MD
LG