Пайвандҳои дастрасӣ

Бҳутто ба Покистон бармегардад


СҶ

Беназир Бҳутто - сарвазири собиқи Покистон изҳор кард, ки моҳи сентябр ба Исломобод бармегардад. Дар мусоҳиба бо нашрияи "Де Сандай таймс" ӯ гуфтааст, ки дар аввал қасд дошт моҳи декабр ба Покистон бозгардад ва аммо ҳоло ҷонибдоронаш хостори ҳарчӣ зудтар баргаштани ӯ шудаанд. Беназир Бҳутто изҳор кардааст, ки барои созиш бо раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф омода аст, агар ӯ интихоботи одилонаи парлумониро кафолат бидиҳад. Сарвазири собиқ гуфт, баъд аз ҳукми Додгоҳи Олии кишвар барои дар маснад барқарор кардани раиси Девони кишвар Чоудрӣ аз бозгашт ба Покистон ҳарос надорад. Беназир Бҳутто солҳои ахир дар Лондон ба сар мебарад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG