Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯдакистонҳои камкӯдаки шаҳри Душанбе


Ҳикояткунандаи ин афсона Некофарини 6 - сола аст ва ӯ гуфт, ки мисли дигар дӯстонаш, ба ҷуз ин афсона дигарашро намедонад. Ба гуфтаи аксар бачаҳои як кӯдакистони маркази пойтахт, кам ан дар кам волидонашон барои онҳо китобҳои бачагона харидорӣ карда барои нақли афсонаву қиссаҳо ва шеърҳои бачагона, фурсат надоранд. Барои қариб ҳамаи бачаҳо ин холигиро филмҳои тасвириву бадеии хориҷӣ пур мекунанд. Хуршед як писари 6 сола филми тасвирии ахиран тамошо кардаашро чунин қисса мекунад: «Як аҷӯза аст, вай як писарро дошта ба ҳаво мепарад ва ӯро кушта мехурад».



Наримон Бақозода шоир ва драматурги бачагон мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз як миллиону 300 нафар кӯдаки то 7 сола ба сар мебарад ва аз ин шумор танҳо 6 дарсади онҳо имкони дар боғча таҳсил карданро доранд ва боқи 94 дарсади дигар дар оилаҳо тарбия меёбанд, ки ғолибан ба ҳоли худ ва дур аз таваҷҷуҳи волидонанд. Наримон Бақозода меафзояд ин як сабаби аслии бесаводии муҳассилини тоҷик аст, ки ба мактаб бе тайёрӣ ва бидуни заминаи мустаҳкам қадам мегузоранд: «Мана дар ҳамин муҳит тарбия меёбанд баъд мо мегӯем, ки бачаҳо он қадар дониши хуб надоранд. Охир онҳо ба мактаб бе тайёрӣ меоянд. Як сабаби ба забони адабӣ хуб ҳарф назадани онҳо ҳам ҳамин аст. Онҳо ки замина надоранд, баъд мактаби миёнаро ҳам сар сари хатм карда ҳамин тавр донишҷӯ мешаванд.»



Аммо чунин ба назар мерасад, ки барои шумори ками бачаҳо ҳам дар кӯдакистонҳо барномаи омӯзишу парвариш ба талабот ҷавобгӯ нест. Фируза Ҳамроева муррабии кӯдакистони рақами 17-уми пойтахт мегӯяд дар давоми 15 соли охир барои бачаҳо китоби хеле кам ба чоп расидааст, ин дар ҳоле ки барномаи таълимии онҳо, ки дар як ҳафта аз 13 то 16 машғулият иборат аст, бояд бо истифодаи маводҳои гуногун созмон дода шавад.«Ягон китоби хуби бачагона нест, ки мо таваҷҷуҳи бачаҳоро ҷалб кунем. Охир дар инҷо на танҳо нигоҳубин балки тарбия ҳам кардан даркор аст, ба онҳо одоби муошират рафторро бояд омӯхт. Вагарна барои чи волидон фарзандонашонро ба боғча меоранд?»



Аммо Наримон Бақозода мегӯяд, дар аксари маворид ба бачаҳо чизҳое омӯзонида мешаванд, ки мантиқан ба сину соли онҳо мувофиқ набуда, ниҳоят содаву ғалатанд. Дар ҳамин замина гуфта мешавад, ахиран дар китобчахое ки барои кӯдакон нашр мешавад шеъру ҳикояҳои зиёде ба назар мерасанд, ки онҳо каммазмун ва пуриштибоҳанд. Ба гуфтаи адибон дар адабиёти бачагона машқи қалам набояд кард, зеро ҳар чизе ки навишта мешавад маъмулан тавре ҳаст дар зеҳни кӯдак нусхабардорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG