Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабаргузории нав дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон бо номи Симонюс як хабаргузории нав таъсис ёфт, ки ба забони инглисӣ иттилоъ нашр мекунад.


Мирзосаид Султонов, муассис ва раиси оҷонсии www.Simonews.tj ҳадаф аз таъсиси ин оҷонсиро коҳиши халои иттилоотӣ ва пахши маълумоти дақиқ дар мавриди Тоҷикистон унвон кард.

Ба гуфтаи Султонов хабарҳо аз тариқи бунгоҳи Симонюс дар сомонаи интернетии ин оҷонсӣ бо забонҳои тоҷикӣ, инглисӣ ва русӣ нашр мешаванд. Ӯ афзуд феълан нашри хабарҳо танҳо бо забони инглисӣ сурат мегирад ва дар наздиктарин фурсат хабарҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ низ дар сомонаи интерентии оҷонсӣ мунташир хоҳанд шуд.


Султонов тавофути аслии оҷонсии навтаъсисро аз дигар хабаргузориҳои Тоҷикистон ин гуна шарҳ дод,ки дастрасӣ ба ахбори инглисии он комилан ройгон аст, зеро ҳадаф муаррифии бештари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилал мебошад. Симонюс тасмим дорад барои дарёфт ва нашри бештари ахбори хориҷии марбут ба Тоҷикистон дар ибтидо хабарнигорони худро дар Русия, Афғонистон, Қирғизистон ва бархе кишварҳои дигар дошта бошад ва иттилооти бештару сареъро ба хонанда пешниҳод намояд. Ба гуфтаи Мирзосаид Султонов, бо дарёфти имконоти молӣ бунгоҳи нав шакли видеоии ахборро низ дар сомонаи интернетии оҷонсӣ ба таври ройгон нашр хоҳад кард.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG