Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки нави Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон


Бонки ҷаҳонӣ тасмими гирифтааст ба хотири беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва рушди бахши хусусӣ ба ин кишвар маблағи 10 миллион доллар кӯмаки бебозгашт диҳад. Бонки ҷаҳонӣ дар як баёнияи расмӣ гуфт, кӯмаки 10 миллион долларӣ барои мусоидат ба ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, бахусус барои рушди бахшҳои энержӣ, пахтапарварӣ, ҳифзи захираҳои инсонӣ ва истифода аз захираҳои гидроэнергетикӣ мавриди истифода қарор мегирдад. Ба назари коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, агарчӣ фақру камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар чанд соли гузашта коҳиш ёфтааст, аммо ҳанӯз ҳам он ҳамчун мояи нигаронии ҷиддӣ дар кишвар боқӣ мемонад. Гуфта мешавад кӯмаки билоивази Бонки ҷаҳонӣ бар асоси барномае ихтисос дода мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд бар асоси он шеваҳои мудирият дар бахшҳои хусусӣ ва давлатиро беҳтар карда, кори мақомотро шаффофтар гардонад.
XS
SM
MD
LG